БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ КАФИЛИ СОЛИМИСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия ноҳиявӣ доир гардид.

     Зимни  баромади хеш масъулон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки новобаста аз тадбирҳои андешидашавандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ  ҳодисаи заҳролудшавии шаҳрвандон вобаста ба маводи ғизоӣ ба назар мерасанд, ки дар ҳама ҳолатҳо сабаби сар задани ҳодисаҳои заҳролудшавӣ истеъмоли маҳсулоти консервашуда дар шароити хона мебошад. Бинобар ин, ҳар як корманди  соҳаро зарур аст,  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиширо бо соҳибкорон, аз ҷумла оид ба ҷорӣ намудани низомҳои бехатарӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ, ки яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба шумор меравад,  ташкил ва баргузор намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg