БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮШИШИ МО БА ХОТИРИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶОМЕА АСТ!

 Н. Хусрав.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   

     Хониши сиёсӣ оид ба самтњои афзалиятноки фаъолияти њизб ва маҷлиси умумии ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии “Бешкенти-2” бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав баргузор  гардид.

     Намояндагони Кумитаи иљроия дар маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба самтњои афзалиятноки фаъолияти њизб суханронӣ намуда фаъолонро ба корњои созангию бунёдкорӣ, вусъат бахшидан дар доираи аксияи њизбии “Якљоя њал мекунем” ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа, дастгирии қишрњои ниёзманди љомеа ҳидоят намуданд.

      Баромади  раиси  ташкилот  дар  давраи  ҳисоботӣ  шунида  шуда,  вакилон  ба  конференсияи  ноҳиявии Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  интихоб  ва  пешниҳод  гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg