
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Дар ташкилотҳои ибтидоии «ММБЗБТ», «Бозори марказӣ», «Фарҳанг», « Ғалаба», «Ҳифзи иҷтимоӣ», «Боғчаи №1», маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии хизбӣ баргузор гардиданд.
Дар маҷлис фаъолияти дусолаи ташкилотҳои ибтидоӣ, даъвати вакилон ба конференсияи ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда, иброз доштанд, ки омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода - интихоботи парлумонӣ вазифаи ҳар як аъзои ҳизб мебошад ва моро зарур аст дар баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем ва барои шаффофу демократӣ гузаштани он фаъолона саҳмгузорӣ кунем.