БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ФАРЗАНДОНАМОН ШАРОИТИ МУСОИДИ ТАҲСИЛРО ФАРОҲАМ МЕОВАРЕМ !

ТЕМУРМАЛИК.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Муродбахш”   баргузор гардид.

    Нахуст, роҳбарияти  Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи рӯйдоди муҳиму тақдирсоз - ба  истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳои назаррас  ноил гашта истодаанд, ки ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд мебошад. Иброз доштанд. ки моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.

     Тариқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон барои таъмири муассисаи  таълимии деҳа масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ карда ба таълимгоҳ бурда супориданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg