БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАХСИЯТҲОИ АРЗАНДАРО БА НОМЗАДӢ ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

     Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ ва омодигии хуб ба роҳ мондани маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи парлумонӣ дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Панҷ чорабиниҳои сиёсӣ, вохӯриву мулоқотҳо роҳандозӣ гардида истодааст.  Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур ин навбат дар ташкилоти ибтидоии  деҳоти ба номи “Кабут Сайфуддинов” бо раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти мазкур  семинари омӯзишӣ роҳандозӣ намуданд.

   Баромадкунандагон нахуст оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани маҷлисҳои ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ ва  ба Конференсияҳои ҳисоботиву интихоботӣ пешниҳод намудани номзадҳоро аз ҳисоби шахсиятҳои арзанда ба иштирокдорон фаҳмониданд. Ба гуфтаи масъулон яке аз воситаҳои асосии суръат  бахшидан ба корҳои тарғиботӣ дар марҳилаи пешазинтихоботӣ ин робитаи зич доштан ба  аҳолӣ ба ҳисоб рафта, дар ин асно ташкил намудани суҳбату вохӯриҳои рӯ ба рӯ,  ба ноил шудани муваффақият дар интихобот заминаи  мусоид фароҳам меорад.

    Дар қисмати охири мулоқот бо дастгирии  Сайҷаъфар Гурезов раиси ташкилоти ибтидоии номбурда  роҳҳои дохили маҳалла  сангфарш  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg