БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МАҲРОЗӢ

Норак: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳрозӣ”-и шаҳри Норак Аксияи ҳизбӣ таҳти  унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ  доир шуд. Дар қисмати амалии аксия аз ҷониби аъзо ва сокинони деҳаи Маҳрозӣ бунгоҳи тиббӣ сохта шуда истодааст. Дар назар аст, ки то Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи  Парчами давлатӣ бунгоҳи мазкур ба истифода дода мешавад. Дар Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳрозӣ” шунида, аз ҷониби аъзо раиси ташкилоти ибтидоӣ  аз нав интихоб карда шуд.

    Дар рафти маҷлис аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар ташкилоти мазкур хониши сиёсӣ оид ба  риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза зидди гурӯҳҳои ифротӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо баргузор шуд. Зимни баромади худ вакили Маҷлиси вакилони  халқ  Раҳмутулло  Қосимов  оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида баромад намуда аз сокинони деҳаи Маҳрозӣ даъват кард, ки  барои ободии деҳа саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg