
МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Боғи Ҳабиб»-и Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ доир ба нуктаҳои Паёми навбатӣ, хавфу хатари терроризм ва роҳҳои пешгирии он, омӯзиши ҳунар ва илмҳои замони муосир, ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва моҳияти Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои ободонӣ даъват намуданд.
Ҷамъомадагон аз сухарониҳои пурмуҳтаво таассуроти хуб бардошт карда, иброз доштанд, ки дар амалӣ гаштани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда мегузоранд..
Чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома доранд.