
Кӯшониён: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Баҳор”-и Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ аз ҷумла татбиқи амалии солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки ҳадаф таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад, баромад карданд.
Ҳамчунин самаранок истифода намудани қувваи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи онро нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат дониста, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидаткунанда ҳисобиданд.