БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚИШРИ НИЁЗМАНД АЗ ТАВАҶҶӮҲ ДУР НЕСТ!

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Кумакрасон” баргузор  шуд. Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддини дар бораи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки  яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва  таваҷҷуҳи Пешвои миллат дар ин самт суханронӣ кард. Аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ёдоварӣ карданд, ки гуфтаанд: “Дар оянда низ мо дастгирии қишри  ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, ятимон ва бепарасоторонро идома дода, барои беҳтар шудани вазъи зиндагии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро меандешем.”

    Дар идома иштирокчиёни вохӯрӣ дар мавзӯъҳои сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, татбиқи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  суханронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg