БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ҚУБОДИЁН ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИЁН НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи тасилоти миёнаи умумии №28-и  ноҳияи   Қубодиён маҷлиси ташкилоти ибтидоии  “Фароғат” баргузор гардид. Дар кори маҷлис фаъолон ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ, вакилони маҳаллӣ  иштирок намуда, рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ва баргузории конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ,  интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва  пешбарии вакилон ба конференсияи ҳизбии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

     Зимни суҳбат масъулин  қайд намуданд,  ки мо ҳизбиён бояд барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, махсусан интихоботӣ мақомоти намояндагӣ фаъолона иштирок намоем ва дар шаффофу демократӣ гузаштани   маъаракаи муҳими сиёсӣ саҳми хешро гузорем.

      Таъкид гашт, ки моро зарур аст интихоботро, чуноне ки Пешвои миллат таъкид намуданд, ба василаи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ ва омили бавуҷудоварандаи якдиливу якмаромии сокинон табдил диҳем.

Махсусан, тамоми омилҳои носолим ва ба норозигии мардум мусоидаткунандаро бартараф намуда, бо кору амал ва пешоҳангиву ташаббускории худ мардумро ба сӯи созандагиву ободонӣ сафарбар намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg