
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Дар ташкилоти ибтидоии “Беморхона”-и Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони ноҳияи Дӯстӣ хониши сиёсӣ доир гардид ва дар он масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хизматрасонии босифати тиббӣ ва пешгирӣ аз воридшавии дорувориҳои пастсифатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзмон, дар идома маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии мазкур низ гузаронида шуда, дар он ҳисботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, даъвати вакилон ба конференсияи ҳизбӣ ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ баррасӣ гаштанд.
Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба хотири дастгирии шахсони ниёзмандӣ ҷомеа як гурӯҳ кормандони тандурустӣ ба аёдати беморон рафта, ба онҳо кумаки ройгони тиббӣ расониданд.