БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРОМИ МО БЕҲБУДӢ БАХШИДАН БА ЗИНДАГӢ МАРДУМ АСТ!

Данғара: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.Бо мақсади  баррасии самтҳои афзалиятноки  ҲХДТ   Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ноҳияи Данғара  дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Хоҷа Шақиқи Балхӣ”-и Ҷамоати деҳоти Себистон  хониши  сиёсӣ баргузор намуд.

    Дар чорабинӣ Каримзода Пирмуҳаммад–раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, вобаста ба  амалишавии ҳадафҳои стартегии мамлакат, риояи муқаррароти қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ,  саҳмгузорӣ дар корҳои бодониву созандагӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихобӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба Конференсияи ноҳиявӣ суханронӣ намуд.

Зимнан иброз гардид, ки эълон гардидани солҳои 2019-2021 – “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имконияти беҳтарин ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии имкониятҳои сатҳи маҳал ва ба ҳамин васила беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg