БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ МАҚСАДҲОИ НОПОКИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ҲАМА ОГАҲЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

      Дар ташкилоти ибтидоии «Моҳир»-и Ҷамоати шаҳраки Балхӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  баргузор гардид.  

      Дар вохӯрии  ҳисоботӣ  натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, интихоби раиси ташкилот, интихоби вакилон ба Конференсияи ноҳиявии ҲХДТ баррасӣ карда шуданд.

     Масъулин дар баромади хеш  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан гуфтанд. Дар ин баробар   масъалаҳои доғи рӯз - терроризму экстремизм, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз онҳо дар ташвишаст, баррасӣ шуда ҳамагонро даъват намуданд, ки бояд дар ҳифзи обу хоки Ватан бетараф набошем ва нагузорем, ки хоинони давлату миллат бо ҳар роҳу восита, бо ваъдаҳои дурӯғ ҷавононро мағзшӯӣ карда, ба гирдоби маккоронаи хеш кашанд.

    Дар охир самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати берунаву дохилаи кишвар баррасӣ шуда, иштирокдорон ба корҳои ободонӣ ҳидоят гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg