БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОЗОДӢ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРД АСТ!

АНДЕША. Истиқлолият маънои озодиро дорад, на он озодие, ки ҳар касе ки хоҳад берун аз Ватани «азизаш» равад ва гурӯҳу гурӯҳча ташкил кунаду кору кирдоре, ки ба ӯ маъқул бошад, амалӣ намояд.

Рӯзи 16 сентябри соли равон дар Варшава ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо доир ба ҳуқуқи инсон оғоз ёфта, дар ин ҷаласа гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад карданд. Ҳамзамон якчанд рӯз пеш аз ин ҷаласа паймони ғайримиллӣ бо роҳбарии М.Кабирӣ ҷаласаи солонаи худро доир намуда, ба ақидае барои иштирок ва масъалагузорию бузакбозӣ дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо «тими» худро омода сохт.

Кабирӣ ҳаммаслаконашро дар як толори хурдакаке, ки ҳамагӣ чанд нафаре, ки ӯро пуштибонӣ мекунанд, ҷамъ оварда, онҳоро  қаноатмандона ба солгарди паймони миллии зери нохунак табрик гуфт. Вале аз бурду бохт ва дастоварду  пайомади  неки ин «паймон»  ягон сухане садо надод.

          Аввал ин, ки Кабирӣ ба ғайр аз иғвоангезиву ҷангандозӣ,  халалдор  сохтани авзои давлату миллат дигар наметавонад, ки ягон кори хуберо анҷом диҳад. Баъдан метавон камбудӣ ва мушкилоти хонаи худро аз берун аз хонавода рафта бартараф кард? Албатта не! Барои ислоҳи камбудию нуқсонҳои хонавода бояд дар дохил буд на ҳамчун чорпои гурезпо дар хориҷа!

         Худ қазоват кунед агар дар оила ду нафар «калон» ё худ сардор бошад дар оилае, ки ду фикри мухолиф бо якдигар муқовимат кунанд он оиларо оилаи солим  гуфтан мумкин аст? Давлат ҳам ҳамин гуна аст, чунки давлату миллат аз оила (ячейкаи хурд) сарчашма мегирад.

          Кабирӣ дар баромадҳояш сараввал ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон сухан оғоз мекунад, ончунон худро ботамкину босавод, боақлу доно нишон медиҳад, ки шунавандаро як мақол ба хотир мерасад: «муллоро ба гуфтааш куну ба кардааш не!»  Албатта ин мақолро на ман бофтааму на ту, инро таърих исбот кардааст. Дақиқан ин либос ба тани Кабирӣ бисёр шинам уфтодааст!

         Ҳама рафтору гуфтори Кабирӣ муқобил ба ҳадису оёти Қуръон аст. Оё дар ягон варақи Қуръон дарҷ шудааст, ки мусулмонро бо мусулмон ҷанг андозеду хунрезӣ кунед!?

          Модарони тамоми дунё тарафдори сулҳу амониянд, мехоханд як бурида нонро дар об тар карда хуранду тинҷу ором бошанд, чунки таъсири ҷанг пеш аз ҳама ба модар мерасад. Халқи бечораро сарсону саргардон сохтану нони даҳонашро талх кардан, неъмати бебаҳои модар-фарзандашро куштаву доғи фарзандашро дидан оё ингуна истиқлолхоҳӣ ба кӣ даркор аст? Инсоният як бор ба дунё меояду як бор аз дунё меравад. Вале бо ин қадар доноияш чӣ қадар умр диданашро намедонад, оё  меарзад ду рӯза умри худро сарфи ҷангу хунрезӣ, сарсониву саргардонӣ, мурдаи фарзандашро бо чашми худ бубинаду ғаму дардашро пушти сар кунад?

         Мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом ҳастанд, ислом бошад яккахудоиву яктопарастиро талқин менамояд. Мо албатта ба ин шукргузорем. Баъзан ҳолатҳое мешавад, ки мусулмон аз мусулмон  гуфтанаш  хиҷолат мекашад, чунки дар кадом гӯшаи дунёе, ки мусулмон бошад гоҳ барои хок, гоҳ барои об, гоҳе барои замину гоҳе барои ҳаво ҷангу даъво мебардоранд, қисме берун аз давлат бар зидди давлату миллат баромад намуда, як қисм худашон барин носипосу кӯрнамакро ҷалб месозанду гурӯҳ месозанду  мехоҳад  сардори мутлақ бошанд. Магар бо ҳамин восита метавон як давлати тинҷу ором, мустақилу демократӣ  сохт? 

 

Аз моли ҷаҳон насиби ту як кафан аст,

Он ҳам ба гумон аст, ки барӣ ё набарӣ.

 

   М.Сунатулоева,

мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар н.Ш.Шохин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg