БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЯД ҲИССИ ВАТАНДӮСТИРО АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОМӮЗЕМ!

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.     

       Бо мақсади таҷлили Рӯзи пешгирии офатҳои табиӣ дар қисми ҳарбии 45/989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чорабинӣ  доир карда шуд. Вохӯрии мазкур дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Хатлон, шаҳри Бохтар, ноҳияи Вахш ва Раёсати КҲФ ва МГ вилояти Хатлон ташкил гардида, дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Иброҳимзода Неъматулло, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  Наҷидуллозода Насриддин, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов ва дигарон иштирок доштанд.

    “Хизмат ба Ватан – Модар қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номус аст. Мо бояд ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастиро аз Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзем, зеро Пешвои миллат тамоми ҳастии худро ба ободиву пешрафти меҳан бахшидаанд”-   таъкид дошт Неъматулло Иброҳимзода зимни баромади худ. 

     Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сулаймон Исоев баромад карда, доир ба дастгириҳои сиёсати Пешвои миллат, хизмат дар сафи Қувваҳои муссаллаҳи мамлакат суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки  сол то сол сафи ҷавонони ихтиёрие, ки ба хизмати Ватан- Модар сафарбар мегарданд,  меафзояд ва ин мо ҳарбиёнро фараҳманд менамояд.

   Ҳамзамон ба чанд тан сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро бо сарбаландӣ адо намудаанд,  туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Сипас, ҳозирин ба намоиши техникаи наҷотдиҳандагон шинос шуда, ба маҳорати баланди ҳарбии онҳо баҳои хуб доданд.

Дар охир барномаи фарҳангии ҳунармандони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти далватии ноҳияи Вахш манзури ҳамагон гардонида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg