БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МУБОРИЗА БО НАШЪАМАНДИЮ НАШЪАҶАЛЛОБӢ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ БОЯД ФАЪОЛ БОШАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.     

     Баҳри иҷрои нақшаи суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Файзобод»- шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ роҳандозӣ  гардид.

     Дар мулоқот аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроия иброз шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз иштирокчиёни фаъоли мубориза бар зидди маводи мухаддир буда, бо мақсади пешгирӣ аз болоравии сатҳи муомилоти ин зуҳурот  моҳи феврали соли 2013  “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул карда шуд.  Чунин иқдомҳои неки Ҳукумати мамлакат ва Роҳбарияти Олии кишвар барои пешгирии ҷавонон аз  бемориҳои нашъамандӣ ва ҷиноятҳои трансмилӣ, аз ҷумла муомилоти  ғайриқонунии маводи нашъаовар мусоидат мекунад. Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир масъалаест, ки дар мубориза ба он дар баробари сохторҳои давлатӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд фаъол ва масъул бошад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg