БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

ҚУБОДИЁН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Тахти Қубод”-и  Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

  Намояндагони Кумитаи  иҷроия ноҳиявии  ҲХДТ  дар бораи  таълиму тарбияи дурусти фарзанд,  саҳми занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ  ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, пешгирии бемориҳои  сироятии ВНМО, муқовимат бо коррупсия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ суханронӣ намуданд.

Байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї низ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg