
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар маҳаллаи «Чашмасор»-и Ҷамоати деҳоти «Калинин»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба омӯзиши бандҳои Паёми Пешвои миллат ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи паҳлуҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар мавриди таҳлил қарор гирифта, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ба масъулини мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар идома байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.