БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГИ ВАТАНСОЗИРО БАР ДӮШ ДОРАД

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид. Дар кори Маҷлис раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, собиқадорон ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

Дар маҷлис натиҷаҳои  фаъолияти  Кумитаи  иҷроия  ва ташкилотҳои ибтидоӣ   дар  9 моҳи  соли  2019,    рафти  корҳои  ташкилию  омодагӣ  ба  маъракаҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  халқ ва баргузор намудани коференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ, дар бораи даъвати Конференсияи 28-уми ҲХДТ ва тасдиқи  ҷадвали  гузаронидани  маҷлисҳои  ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои  ибтидоӣ  ва  пешбарии  вакилон  ба  конференсияи  ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯи масъалаи якум ва дуюми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроия Ҳасанзода Тағоймурод дар назди ҳозирин баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҲХДТ масъулияти бузурги ватансозиро бар дӯш дорад ва мақсаду вазифааш  ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ ва дар ин замина таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бо назардошти барномаҳои худ ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад.    

Гузашта аз ин мавсуф зимни баромади хеш иброз дошт, ки масъалаи муҳимме, ки мо бояд ба он таваҷҷуҳи бештарро равона созем, ин омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи парлумонӣ мебошад. Дар ин росто, моро лозим аст бо омодагиҳои ҳарчи бештар ба интихобот ворид шавем ва барои ин заминаҳои мустаҳками робита бо ҷомеаро дошта бошем

Масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис баргузории Конференсияи 28-уми ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  буд, ки санаи 18-уми ноябри соли 2019 даъват карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg