БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ТАШАККУЛИ МАФКУРАИ СОЛИМ ДАР ҶОМЕА!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

     Дар ташкилоти ибтидоии “Кодара-2”-и Ҷамоати деҳоти Панҷрӯд хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид. Роҳбарияти Кумита иҷроия оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбат намуда, қайд кард, ки соли ҷорӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон  муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.

     Иброз шуд, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати  инкишофи инфрасохтори деҳот  солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди  деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шудааст ва мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати кишвар барои боз ҳам обод кардани деҳот мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg