БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ МЕСОЗАНД

ФАРХОР.  Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ибтикори вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор Амонулло Абдуллоев дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 –и  Ҷамоати деҳоти Ватан чор  синфхонаи иловагӣ сохта шуда истодааст ва саҳмгузорони ин сохтмон, бахусус, сарвари муассиса талош доранд, ки ин синфхонаҳо рӯзи 16 – ноябр, яъне дар «Рӯзи Президент» мавриди истифода қарор дода шаванд.

Сохтмони ин синфхонаҳо бо маблағгузории аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ сурат гирифта, корҳои сохтмонӣ асосан бо роҳи ҳашар аз тарафи омӯзгорони муассиса, ки ҳамагӣ аъзои ҲХДТ мебошанд, иҷро шуда истодааст.

Дар сурати ба истифода додани  синфхонаҳо хонандагони таълимгоҳ ба ҷои се баст дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg