БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИВУ ВАТАНСОЗӢ БОЯД ДОШТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

    Маҷлиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Темурмалик доир гардида, рӯзномаи он аз рӯи  4 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  

    Дар маҷлис ҳисоботӣ раиси Кумитаи иҷроия аз натиҷаи фаъолият дар нуҳ моҳи  соли 2019, рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои муҳимми сиёсӣ - интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ – интихоботии  ташкилотҳои ҳизбӣ,   даъвати  Конференсияи  XIII   Ҳизби  Халқии Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Темурмалик, тасдиқи протоколҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба фаъолияти аъзои ҲХДТ дар семоҳаи сеюми  соли 2019  муҳокима карда шуданд.  

   Иҷрокунандаи  вазифаи  раиси  ноҳияи  Темурмалик  Аминзода  Фотеҳ Файзулло  ба музокира баромада, дар бораи омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсии дарпешистода – интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҳамчунин дар бораи масъулияти баланди  ватандориву ватансозӣ доштани ҳар нафар ибрози назар намуд.

Дар охир  вобаста ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул   шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg