ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Дар ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Ситораи Тобон” баргузор гардид.
Дар суҳбат самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва дигар мавзӯъҳои рӯз баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ вазифаи аъзо ва ҷонибдорони он мебошад.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии сокинон ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии деҳа маводи лозимаи таъмирӣ кумак карда шуд.