БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЛОШИ МО БАРОИ ОБОДОДӢ ВА ОСОИШТАГИИ ВАТАН АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

      Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо  аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ғайрат»-и Ҷамоати деҳоти Озодагон-и ноҳия таҳти унвони «Ҳифзи Ватан – оини  ҷавонмардист!» мулоқоти судманд доир гардид.

     Мавзӯъ  аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб буда, мақсад ба дарки  ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ мебошад, ки артиши  миллӣ  бешак мактаби ҷасорату  мардонагӣ ва омили нигоҳ доштани сулҳу  субот ва  амнияти кишвар аст.

     Баъдан масъулин оид ба ташкил ва баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ ва интихоби вакилон ба конференсияи ноҳиявии ҳизб ибрози назар карданд.

    Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии «Ғайрат» Ороста Давлатова ва   қувваи сокинони маҳал дар  деҳа хатти оби нӯшокӣ  гузаронида шуд ва аз   ин иқдоми ватандӯстона бошандагон изҳори минатдорӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg