БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АМАЛҲОИ ИФРОТИЁНРО МАҲКУМ КАРДАНД

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтдоии «Дуконӣ-2”-и Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак    хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир гардид.

Масъулин  дар бораи пешгирӣ аз шомилшваии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  риояи талаботи қонунҳои амалакунандаи кишвар,тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ баромад намуда, қайд карданд,  ки вақтҳои охир мову шумо шоҳиди зуҳуроти манфии иҷтимоӣ, аз қабили ифротгароии ҷавонон мешавем. Ин тамоюл бешак мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад ва ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад. Қабл аз ҳама бояд андеша намоем, ки омилҳои асосии майли иддае аз ҷавонон ба ифротгароӣ кадомҳоянд?

Дар охир чанде аз ҷамъомадагон,  вобаста ба амалҳои  ваҳшиёнаи гурӯҳҳои террористӣ ҳарф зада,  кирдору рафтори онҳоро маҳкум намуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg