БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ БОХТАР: НАТИҶАГИРӢ АЗ 9-МОҲ ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲОИ НАВБАТӢ

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  доир карда шуд.

Дар кори маҷлис узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим, раиси Кумитаи иҷроия,  аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд. Дар рӯзномаи маҷлис ду масъала- рафти омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва даъвати Конференсияи 21-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баррасӣ шуданд. Аз рўи масъалаи якум Наҷидуллозода Насриддин бо таҳлили умдаи баргузории интихоботҳои пешина маърӯза намуда, таъкид дошт, ки моро зарур аст, дар чорабиниҳои сиёсии дарпешистода бо омодагии ҷиддӣ ворид гардида, барои шаффофу демократӣ баргузор шудани он саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар идома Исмоилзода Абудалим доир ба корҳои омодагӣ ба интихоботи дар пешистода, пешбарии вакилон аз ҳисоби ҲХДТ, фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ  мулоҳизаронӣ намуда,  таъкид кард, ки моро лозим аст, дар марҳилаи пешазинтихоботӣ ба ҷавонон ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷуҳи махсус дода, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди шаҳри Бохтар корҳои таблиғотиву ташвиқотиро бештар баргузор намоем. Дар вохӯриҳои худ мо ҳамзамон вазифадорем, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба мардум талқин созем.

Вобаста ба масъали давъати конференсияи 21-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар пешниҳод гардид, ки 22- ноябри соли 2019 Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар даъват карда шуда, дар он ҳисоботи 2,5 солаи Кумитаи иҷроия ва дигар масъалаҳои вобаста муҳокима карда шаванд.

Баъди баррассии масъалаҳои рўзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg