
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади дастгирию кӯмак ба оилаҳои ниёзманд ва ба ин васила таҳким бахшидани обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа, ташкилоти ибтидоии “МНДСЭ” дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба 4 оилаи ниёзманд кумаки моддӣ расонид.
Дар Аксияи ҳизбӣ Иброҳимзода Неъматулло роҳбари дастгоҳи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ширкат дошта, дар бораи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ сухан гуфт. Мавсуф аз ҷумла таъкид дошт, ки табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.