БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ МЕБОЯД!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.     

      Дар толори Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён маҷлиси ташкилоти ибтидоии  “ Тахти Сангин”  баргузор гардид. Дар кори маҷлис узви Кумитаи иҷроия, аъзои ташкилоти ибтидоӣ, вакилони маҳаллӣ  иштирок намуданд.

     Дар маҷлис ду масъалаи асосӣ, масъалаи якум рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои муҳимми сиёсӣ -интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузории конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ” ва масъалаи дуюм пешбарии вакилон ба конференсияи ҳизбии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

     Дар рафти баррасии масъалаҳои зикргардида, қайд карда шуд, ки меъёри намояндагӣ аз 270  нафар   1 нафар вакил муқаррар шудааст.

    Шарифзода Маҳмадаюб раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба масъалаи якум қайд намуд, ки бояд мо ҳизбиён барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, махсусан интихоботӣ мақомоти намояндагӣ бо масъулияти баланд иштирок намоем ва дар шаффофу демократӣ гузаронидани он саҳми арзанда гузорем. Бо назардошти ин, мо ҳизбиёнро зарур аст, ки интихоботро, чуноне ки Пешвои миллат таъкид намуданд, ба василаи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва бавуҷудоварандаи якдиливу якмаромии сокинон табдил диҳем. Махсусан, тамоми омилҳои носолим ва ба норозигии мардум мусоидаткунандаро бартараф намуда, бо кору амал ва пешоҳангиву ташаббускории худ мардумро ба сӯи созандагиву ободонӣ сафарбар созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg