
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Бо мақсади баргузории суҳбату вохӯриҳо, оростани як соати сиёсӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ дар ташкилоти хурди қарздиҳии «Финка» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин атрофи баррасии муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмати содиқона ба мизоҷон, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, таъмини ҷойҳои корӣ, саҳм гузоштан дар ободонию созандагии Ватан, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кормандон ва ғайра андешаронӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ дар бобати сиёсати имрӯзаи ҲХДТ, хоса сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда шуд.