
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Дар ташкилоти ибтидоии «Ифтихор»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ироа доштанд, ёдрас гашта, таъкид доштанд, ки роҳандозии корҳои хайру сахо ва ободонию созандагӣ ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳадафи асосии ҳар як сокини бо нангу номуси кишвар бошад.