Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Зулмободи Ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Ш. Шоҳин хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар самти ободкориҳо, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба кор андохтани чархаи дуюми НБО-и Роғун сухан гуфта, иштирокчиёнро ба татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват карданд.