
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Лоҳутӣ» вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ масъулин қайд намуданд, ки имрӯз яке аз хатарҳои ҷиддии сайёра терроризм буда, фаъолияти он ҳамеша ба ҳадафҳое чун харобкорӣ, қатлу куштор, зӯроварӣ ба хотири тағйирдиҳии шаклҳои идоракунии давлатӣ, сохти конститутсионии давлат ва барҳам задани фаъолияти сохторҳои он равона гардидааст. Ҳамчунин терроризмро метавон ба «вабои асри ХХI» ташбеҳ дод, чунки он аз рӯи қувваи харобкории худ на камтар аз ин бемории марговар аст. Иброз шуд, ки то замоне ин зуҳуроти номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ кас ва ҳеҷ минтақае наметавонад худро дар амонӣ эҳсос намояд.
Дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур роҳи байни маҳалларо ба масофаи 500 метр сангфарш карда истодаанд.