БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР МОРО БА КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТА ҲАМҚАДАМ МЕСОЗАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Корхонаи оҳану бетон”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ   баргузор гардид.

     Зимни баромад масъулин қайд карданд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3% афзоиш ёфт . Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсисиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шудааст.

Аз таъкидҳои Роҳбари давлат ёдоварӣ карданд,   ки бояд то сли 2030 ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохили ба 22% расонида шавад. Барои  расидан ба ин мақсад бояд амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва  лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳти назорати қатъӣ  қарор дода, самаранокии сифати онҳо таъмин карда шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg