
Фархор: Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Нур»-и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Масъулон иброз дошштанд, ки Коррупсия (фасод) дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, оромиву суботро халалдор, боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонад. Тибқи сарчашмаҳои луғавӣ истилоҳи «коррупсия» («corruptio») дар тарҷума аз забони лотинӣ «вайронкунӣ, паст рафтан, моилшавӣ ба ришва» фаҳмида мешавад.
Зикр шуд, ки дар маҷмӯъ коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷаъмиятӣ аст, ки баҳри мубориза бо он дар ҳар як давлат чораҳо андешида мешаванд, аз он ҷумла дар кишвари мо низ. Ҳануз аз рӯзҳои аввали ноил гардидан ба соҳибихтиёрӣ ҳокимияти олии сиёсӣ, дар якҷоягӣ бо ташкилоту идораҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххаси мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирикуннандаи онро таҳрезӣ ва амали намуда истодаанд.