ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Нурафшон»-и шаҳри Левакант доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ доир гардид ва дар он намояндагони Кумитаи иҷрорияи шаҳрии ҲХДТ иштирок карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин атрофи терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, ба сокинон расонидани моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», татбиқи амалии «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва баррасии мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар доштанд, суханронӣ карданд.