БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ - ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

    Бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки ҳизб вохӯрии масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Куҳсор»-и хоҷагии  Панҷи ноҳияи Панҷ  доир гардид.

Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, таъмини амнияти озуқаворӣ буда, тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ татбиқ мегардад. Иброз шуд, ки зарур аст  барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба масъалаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ диққати бештар дода шавад. Татбиқи ин ҳадафҳо  ҳифзи манфиатҳои миллӣ буда, ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ созгор аст.

  Сокинони  маҳал дар татбиқи  Аксияи тарғиботӣ-амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» саҳмгузор шуда, дар маркази деҳа майдончаи варзиширо барои ҷавонону наврасон  сохта  ба истифода доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg