ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Вохӯрии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Авангард»-и Ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ баргузор гардид. Масъулин зимни баромад оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ибрози андеша карда, ҳамзамон бобати омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сухан гуфтанд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии фаъолони ҲХДТ дар ноҳияи мазкур ба 1 оилаи ниёзманди ҷомеа кумак расонида шуд.