БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    

     Бо мақсади ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак маҷлиси Кумитаи иҷроия   баргузор гардид. Дар маҷлис раиси шаҳри Норак Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта, дар рӯзномаи маҷлис  ду масъала -   ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар нуҳ моҳи соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ ва даъвати Конференсияи XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

    Дар маҷлис  раиси Кумитаи иҷроият ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумринисо Гулмуродзода оид ба фаъолияти нуҳ моҳи соли 2019 маърӯза карда,  ҳамагонро даъват кард, ки дар пешорӯи мо  маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихобооти  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои  маҳаллии вакилони халқ  истодааст ва мо фаъолонро зарур аст, барои шаффофу демократӣ баргузор гардидани ин маъракаи муҳим масъулияти баланд  зоҳир намоем.  

   Раиси шаҳри Норак Қурбонзода Ҳилолбӣ дар баромадаш, оид ба  фаъолияти  Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, баргузории суҳбату вохӯриҳои судманд дар деҳаву маҳал,  роҳандозии  корҳои амалӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” фикру андешаҳои хешро баён дошта,  ба иштирокдоронро барои амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg