
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Бо мақсади амалишавии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва ба ин восита саҳм гузоштан дар ободии диёр аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб як синфхонаро аз таъмири ҷорӣ бароварданд. Чунин корҳои созандагӣ аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб бомаром идома дошта, дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ роҳандозӣ карда мешавад.
Масъулон зикр доштанд, ки раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», ки масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ тавассути ин иқдом ҳаллу фасл ёфта, қишри ниёзманди ҷомеа дастгирӣ меёбанд, падидаи нек мебошад.