БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНДӮСТӢ НАБОЯД ДАР СУХАН БОШАД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    

      Дар шаҳри Кӯлоб  масъулони Кумитаи иҷроия ҲХДТ бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ-ватандӯстӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.

    Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроия Орзу Ҳамидиён ва узви фаъоли ҲХДТ, саромӯзгорӣ ДДК Ҳасан Шоинов иштирок ва суханронӣ намуданд.

   Орзу Ҳамидиён дар назди ҳозирин қайд намуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ-ватандӯстӣ аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Ватандӯстӣ набояд танҳо дар сухан бошад. Ватандӯстие, ки танҳо дар забон асту амали муайяну воқеият пайдо накардааст, намоишкорӣ ва назарфиребист.  

   Дар охир таъкид шуд, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи  марзу бум аз ҳар  сокини кишвар вобастагии калон дошта, мо вазифадорем  дар роҳи таъмини суботу амнияти Ватан доимо талош варзем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg