
9-октябр узви Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари кории худ дар ноҳияи Ёвон ба рафти корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур шинос гардиданд. Раиси вилоят ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки корҳои таъмиру тармими бино ҳар чӣ зудтар ба анҷом расонида, санаи 16- ноябри соли равон дар Рӯзи Президент ба истифода дода шавад.
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, то ба имрӯз зиёда аз 60 % иҷро гардидааст.