БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ФАЪОЛОНРО ҚАДРДОНӢ МЕКУНАД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи Дӯстӣ ду  масъала-натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроия дар 9 моҳи соли 2019 ва даъвати  Конференсияи 17-уми ҲХДТ дар ноҳияи мазкур мавриди баррасӣ  қарор дода шуда, лоиҳаҳои қарор тасдиқ карда шуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Одиназода Ҳуснигул қайд кард, ки имрӯзҳо Тоҷикистони  азиз ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои  устувор мегузорад. Моро месазад, ки ҳамеша дар фикри осудагӣ,  пешрафт ва ободии кишвар бошем.

Узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ,  раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Нурмаҳмад ба музокира баромада, иброз дошт, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни дигар  ҳизбҳои сиёсӣ бонуфуз  ва пешқадам дониста мешавад, зеро  ҳамеша дар канори халқ аст ва барои амалигардонии ҳадафу мақсадҳои дар назди худ  гузоштааш саъю талош меварзад.

Дар охир фаъолоне, ки дар татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ нақши  созгор  гузоштаанд, бо сипономаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg