
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад ба кори Маҷлис ифтитоҳ бахшида, аъзои Раёсат интихоб ва масъалаҳои рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардиданд.
Масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо ҷонибдории иштирокдорон рӯзи баргузории Конференсияи ХХ-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара тасдиқ карда шуд.
Муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша дар баромадаш моҳияти маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода - интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро ба ҳозирин фаҳмонида, даъват ба он намуд, ки масъулияти ҷиддӣ ба зиммаи мо ҳизбиён гузошта шудааст ва мо муносибатамонро ба ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ бояд ҷиддӣ намоем.
Дар охир вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.