
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баргузории суҳбату вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Нурофар”-и Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур иштирок намуда, оид ба масъалаҳои марбут ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масоили обу энергетика ва беҳдошт, нуктаҳои Паёми навбатӣ, расидан ба ҳадафҳои миллии стратегии мамлакат, ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар, риояи талаботи қонунҳои миллӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки бо якдилӣ ҳадафу маромҳои созандаи дар пеши худ гузоштаро дар сатҳи баланд бояд амалӣ намоем ва бо омодагиҳои ҳамаҷониба 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатиро сазовор истиқбол кунем