БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ ХАВФУ ХАТАРИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ОГАҲАНД.

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баргузории суҳбату вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Навобод”-и Ҷамоати деҳоти Сангтӯда  хониши  сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот  роҳбари Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок намуда, дар баромадаш оид ба масъалаҳои доғи рӯз - терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз онҳо дар  ташвишанд, суханронӣ карда,   ҳамагонро даъват карданд, ки  бояд дар ҳифзи обу хоки Ватан бетараф набошем ва нагузорем, ки  хоинони давлату миллат бо ҳар роҳу восита, бо ваъдаҳои дурӯғ ҷавононро мағзшӯӣ карда, ба гирдоби  маккоронаи хеш кашанд.

Сипас, дар идомаи суҳбат мавсуф дар бораи самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати берунаву дохилаи кишвар мулоҳизанронӣ намуда, иштирокдоронро ба корҳои ободонӣ  раҳнамоӣ кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg