БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕА БОЯД ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ФАЪОЛ БОШАД

КӮЛОБ. Дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.       

    Дар ташкилоти ибтидоии «Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб» хониши сиёсӣ  роҳандозӣ гардид. Дар ин мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Садриддин Ғаюров вобаста ба масъалаи пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа суханронӣ намуданд.

   Ҳамидиён Орзу иброз дошт, ки коррупсия  амнияти кишварҳо ва минтақаҳоро зери хатар мегузорад. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем пеши роҳи ин зуҳуроти нангинро гирем. Ба ин мақсад зарур аст, ки дар байни мардум маърифати ҳуқуқиро тарғиб намуда, корҳои фаҳмонадиҳиро пурзӯр намоем, то  ҳар як шаҳрванд аз ҳуқуқи худ хубтар огаҳӣ пайдо намуда, баҳри мубориза бар зидди он саҳми худро гузорад.

   Дар фарҷом гуфта шуд, ки хеле ба маврид мебуд ниҳодҳои дахлдор ҳар чӣ бештар бо мардум дар робита мешуданд. Зеро мо метавонем дар сурати ҳамкории мустаҳакам пеши роҳи амалҳои коррупсиониро гирифта, ҷомеаро аз ин хатар раҳоӣ бахшем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg