БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД!

 Ҷ.БАЛХӢ.    Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидои “Маданият”-и Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  иштирок  ва суханронӣ намуданд.  Маҷлиси мазкур аз рӯи се масъала- -ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият  дар давраи моҳи июни соли 2017 то моҳи октябри соли 2019,  интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва   интихоби вакилон ба Конференсияи ноҳиявии ҲХДТ баррасӣ шуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ дар бораи фаъолияти кории хеш  мухтасар  маълумот пешниҳод намуд.

Дар ин раванд масъулин атрофи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   ва дигар мавзӯъҳои муҳим андешаронӣ карда,  ҳамагонро ба амалигардонии ҳадафҳои созандани ҳизб ҳидоят  намуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg