БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОРУХ ПОРАИ ТАНИ ҲАР ЯК ТОҶИКУ ТОҶИКИСТОНИСТ!

ВОКУНИШ. Солҳои охир миёни Тоҷикистону Қиризистон муноқишаҳои сарҳадӣ зиёд рух медиҳанд, ки боиси марги чандин тан сокинони ҳарду тараф гардидааст.

Тоҷикону қирғизҳо, ки садсолаҳо бо ҳам мезистанду муносибати дӯстона доштанд, солҳои ахир баъзе ашхоси қирғиз тухми кинаву адоватро миёни мардум кошта, мехоҳанд бо аз худ донистани қисми марзи Тоҷикистон муноқишаҳои сарҳадиро роҳандозӣ намоянд. Ҳоло он, ки дар ҳуҷҷатҳои таърихии тақсимоти марзии солҳои 1924-1927 хати марз муайяну мушахас гардидааст. Чунин амалҳо ва бемурувативу рафторҳои номуносиби бародарони қирғиз дар масъалаҳои марзӣ мардуми Тоҷикистонро ба шӯр оварда, чунин ҳолатҳо сабри ин миллати куҳанбунёдро лабрез кардааст.

Тавре, огаҳӣ дорем муносибатҳо дар сатҳи олии давлатӣ хуб асту аммо дар тарафи муқобил, яъне шахсоне дар сатҳи поёнӣ (маҳалла) худсарона ба анҷоми амалҳое даст мезананд, ки ин хилофи тамоми қонунҳои байналмилалӣ ва тамоми санадҳои ба имзорасидаи миёни ду давлати дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Инҷо савол ба миён меояд, ки чаро ҳукумати марказии Қирғизистон пеши роҳи шаҳрвандони худро гирифта наметавонад ё чаро сатҳи поёнӣ ба ҳукумати марказӣ итоат намекунад? Аз эҳтимол ҳам дур нест, ки дар ин кор худи давлат ҳам даст дошта бошад ва мардумро ба чунин кор сафарбар кунад?!   

Мавриди зикри хос аст, ки мардумони кунании минтақаи Осиёи марказӣ аз ҳарвақта дида бештар ба рафоқату ҳамзистӣ ва дӯстӣ ниёз доранд. Пайдост, ки наслҳо пайи ҳам омада, боз мераванд, аммо дӯстӣ мисли хуршеду моҳ ҷовидон аст. Дӯстӣ миёни халқҳои минтақа танҳо саодату хушбахтӣ меорад, вале душманиву ҷанг бошад рӯзи сахту харобӣ.

Тоҷикон аз қадимулайём дар муносибат бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат ва ҳамзистиро авлотар медонистанд ва медонанд. Аммо вақте гап сари якпорчагии Тоҷикистон ва ғасби марзҳои Ватан меравад, инҷо кор тамоман ранги дигар мегирад, чунин амал ҳар як тоҷику тоҷикистониро бе тараф гузошта наметавонад. Ин хоки Ватани мо аст, дуруст дарк мекунем, ки давлатдорӣ кардан чӣ асту ин хок барои мо чӣ аҳамият дорад. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш аст ва барои ҳимояи он ҷонро дареғ намедорем. Ин заминҳо аз бобову бобокалонҳоямон мондааст, бояд ҷониби қирғиз ба даъвоҳои бе мантиқу бе асос ва ба хушунату муноқиша хотима дода, заминҳое, ки ба иҷора гирифта буд баргардонад.

Чанде пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қирғизаш Сооронбой Жеенбеков дар шаҳри Исфара ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва тезонидани раванди делимитатсиякунонӣ ва демаркатсиякунонии сарҳад вохӯрӣ анҷом доданд ва ба ифоқа низ расида буданд. Аммо баъзе аз доираҳои манфиатҷӯйи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва худсарона ба амалҳое даст мезананд, ки хилофи созишномаҳои баимзорасидаи миёни ҳарду кишварҳост.

Ангезаи муноқишаҳои пай дар пай дар сарҳадоти Тоҷикистону Қирғизистон асосан дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо ҷиҳати муайян ва аломатгузории хати сарҳадот ба харитаҳои ҷуғрофӣ ва санадҳои давраҳои гуногун такя мекунад.

Дар асоси маводу ҳуҷҷатҳои таърихӣ, қарорҳои қабулгардида ва комиссияҳои паритетӣ аз солҳои 1925, 1936, 1969, 1989 собит менамоянд, ки бародарони қирғиз қарори Президиуми ВЦИК (Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ)-ро аз 4 майи 1925 ва қарорҳои минбаъда дарҷ гардидаро оиди дурустии кори комиссия дар масъалаи сарҳад эътироф намекунанд ва қотеъона қарорҳои яктарафа қабулгардидаи солҳои 1958-1959-ро дархост мекунанд, ки ин асос надорад.

Суоле пеш меояд, ки қарори яктарафа қабул гардида аз солҳои 1958-1959 барои бародарони қирғиз чӣ аҳамияти хоса дорад?

Тибқи санадҳои таърихӣ соли 1958, аз ҳудуди Хуҷанд 56 ҳазор га, Конибодом 10,8 ҳазор га ва аз Исфара 32.780 га замини Тоҷикистон ба қирғизҳо ба иҷора ба муддати 25 сол дода мешавад. Соли 1958 аз марзи колхози ба номи "Калинин", ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара 144 ҳазор га замин аз ҳисоби заминҳои дар мавзеи Работ буда то Кони-Ғут, ки яке аз конҳои қадима буд, ҳамчунин дар назди он бинои касалиҳои рӯҳӣ ва гӯсфандшӯяки колхози Калинин ҷойгир шуда буд, ба қирғизҳо ба иҷора дода мешавад.

Ҳамин тариқ аз соли 1958 то 1962, аз ҳисоби заминҳои чарогоҳии Исфара  32780 га замин ба марзи Қирғизистон ба иҷора дода мешавад. Дар ин раванд мероси бойи ниёгон бошишгоҳҳои қадимаи тоҷикон Хоҷа-Ғор, ки академик Бобоҷон Ғафуров дар китоби худ "Тоҷикон" маълумот дода навиштаанд: "Дигар ёдгории палеолити боло, ки бо номи Хоҷа-Ғор машҳур буда, дар водии хурди силсилакӯҳи Туркистон, дар назди Чоркӯҳ воқеъ аст. Ин ёдгорӣ ба охири палеолити боло тааллуқ дорад. Эҳтимол меравад, ки одамон дар ин ҷо 15-12 ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар аҳди кунунии геологӣ зиндагонӣ кардаанд" (Ғафуров Б. "Тоҷикон". Душанбе, "Ирфон-1983, саҳ. 17").

Ин далелҳо гувоҳи онанд, ки гузаштагони тоҷикон аз ҷое наомадаву маҳз дар ҳамин сарзаминҳои бобоӣ ба олами ҳастӣ чашм кушода рушд намудаанд. Ҳамчунин, мавзеи Хоҷа - Ғор яке аз бошишгоҳҳои қадимаи тоҷикон буда, дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун маскани бобоӣ дар идҳои "Наврӯз" ва дигар ҷашну маросимҳо барои сокинони ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва мардуми Исфара макони сайру сайёҳат, ҷашнҳои миллӣ буданд. Ин мавзеъ аслан дар асоси васиқаҳо ба сокини ҷамоати Чоркӯҳ Мулло Абдураҳмон Махсум ва фарзандони он кас Мулло Турсунбой-махсум тааллуқ дорад. Дар паҳлӯи чапи Хоҷа-Ғор мавзеи чарогоҳии "Ғозник" (Сайдгоҳ) ва дар паҳлӯи рости он мавзеъҳои чарогоҳии Кин-кон, Ҳоитак, Исковут, Сафедорак, Бедак, дар доманаи кӯҳи сарбафалаккашидаи Сари-сорт (Сарасво(а)т), ки ба маънии "таҷасумкунандаи об" ва дар қуллаи он "Ҳамворӣ" омадааст, воқеъ гардидааст.

Аз солҳои 80-ум баҳри ҳифзу ҳимояти ин катибаҳо бо воситаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон муроҷиат карда шуд, аммо ба он мактубҳои изтиробӣ Ҳукумати Қирғизистон аҳамият надод.

Хулоса, қарори Президиуми ВЦИК-ро аз 4 майи 1925 (ЦГАОР СССР, фонд 336,описи 19, ед хр.297.л.87 бо имзои котиби ВЦИК Кисилёв) ва қарори Машварати Президиуми ВЦИК РСС Ӯзбекистон аз 29.09.1925 (ЦГАОР СССР, фонд 336,описи 19, ед хр.297.л.43) ҳуҷҷати асосӣ барои баҳсҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон буда, қарори комиссияи паритетӣ аз соли 1958 барои Тоҷикистон асоси хуқуқӣ надорад. Дар асоси тақсимоти сарҳадии байни Қирғизистон ва Тоҷикистон аз солҳои 1924-27 Исфара 90.000 га чарогоҳ дошт, аз он 32,780 га дар марзи худи Тоҷикистон буд, 57,2 ҳазор чарогоҳҳои худро Қирғизистон барои ноҳияи Исфара барои истифода дода буд. Аммо аз соли 1958 оғоз намуда, оҳиста - оҳиста 32,780 га чарогоҳҳои Исфараро қирғизҳо ғайриқонунӣ ғасб намуданд. Айни замон, қирғизҳо бидуни ягон далелу санад ҳадди хати муайяни сарҳади Исфараю Бодкон ва қисматҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро чун мулки бобоии хеш даъвогарӣ доранд ва пайваста роҳи Ворухро, ки дар анкалав “инзиво” қарор дорад мебанданду онро азони худ дониста истодаанд. Ин хилофи манфиатҳои миллии мо мебошад. Замони кучманчигарӣ гузашта рафт, дигар он замон нест, ки ҳар тарафе гусфандон мерафтанд, онҳо низ аз қафояш рафта юртаи худро насб кунанд. Аз ин хотир қирғизҳо бояд дуруст донанд, ки юртаи худро дар куҷо насб кунанд. Ворух қисме аз хоки Ватани маҳбуби мо буда, пораи тани ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Мо ҳаргиз намегузорем, ки ба заминҳои мо бегонае дастдарозӣ бикунад. Мо хун медиҳему хок намедиҳем.

Шаҳбози Искандар,

мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар вилояти Хатлон.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg