БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УЗВИ ҲХДТ БУДАН МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

     Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин доир ба ҷамъбасти нуҳмоҳаи фаъолият   баргузор гардид.

    Дар маҷлис узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Зарифзода Почохон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Назарзода Толибҷон, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

     Нахуст Назарзода Толибҷон оид ба фаъолияти 9-моҳаи Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, вазъи  обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои соли 2020, ҷараёни кори сохтмонӣ дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроия ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб бобати дар арафаи ҷашни 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ мавриди истифода қарор додани бинои ҳизбӣ суханронӣ  намуд.   

  Зарифзода Почохон ба музокира баромада, дар бораи омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода - интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҳамчунин дар бораи  масъулияти баланди Ватандориву  ватансозӣ доштани ҳар нафар ибрози назар  намуд.

Дар қисмати интиҳои маҷлис як қатор қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg