БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР АСТ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

      Дар ташкилоти ибтидоии «Мадад»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ  баргузор гардида, дар он масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суханронӣ намуданд.

     Дар  суҳбат иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба кор даромадани чархаи дуюми  Неругоҳи барқи обии Роғун, татбиқи амалии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта,  сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ, риояи талаботи қонунҳои  миллӣ ҳидоят гардиданд.

    Дар доираи Аксияи хизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» раиси маҳалла Ҳафиз Иброҳимов ба аёдати 1 нафар хонандаи маъюби гурӯҳи 2-юм рафта  ба ӯ   лавозимоти хониш кумак намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg